НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР РАЁСАТИ ГЕОЛОГИЯ

Январь 12, 2010 16:31

                   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз таҳти раёсати сардори раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бахшида ба натиҷаҳои соли 2009 барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.                     А.Иброҳим нишасти матбуотиро кушода зикр намуд, ки мутахассисони раёсат соли 2009 аз рӯи 34 барнома ва қарордод кор карда, аз ҳисоби маблағи буҷет ба андозаи 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ корҳои ҷустуҷӯиро анҷом доданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 1 миллиону 720 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.                       Раёсат соли гузашта аз рӯи 74 барнома дар бобати гузаронидани тадқиқоти геологӣ қарордод имзо карда буд. Дар ин муддат ба маблағи 6 миллиону 225 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро кард. Корҳои пудратӣ соли гузашта ба андозаи 360 ҳазор сомонӣ ва фаъолияти хоҷагӣ ба маблағи 9 миллиону 765 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёданд.                      Соли 2009 дар маҷлисҳои шӯрои илмию техникӣ ҳисоботҳо аз рӯи захираҳои 14 ҳавзаи нафту газ тасдиқ гардиданд. Ширкати «Газпромзарубежнефтегаз» ҳамроҳи мутахассисони раёсат ба таҳқиқи кони гази «Сариқамиш» шурӯъ намуд. Соли гузашта барои озмоишгоҳҳои раёсат маҷмӯи асбобу анҷом ва таҷҳизоти геофизикӣ харида шуд. Ин имкон медиҳад, ки таҳқиқоти захираҳои сарватҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат давом дода шавад.                       А.Иброҳим дар хотима изҳор намуд, ки кормандони раёсат дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҳисоби раёсат ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 10 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Кормандони раёсат ба парваришгоҳҳо, хонаҳои муйсафедон ва маъюбон ба маблағи бештар аз 20 ҳазору 480 сомонӣ кӯмак расонданд. 

Январь 12, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид