НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР РАЁСАТИ ГЕОЛОГИЯ

Январь 13, 2010 08:42

                  Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз таҳти раёсати сардори раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бахшида ба натиҷаҳои соли 2009 барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.                    А.Иброҳим нишасти матбуотиро кушода зикр намуд, ки мутахассисони раёсат соли 2009 аз рӯи 34 барнома ва қарордод кор карда, аз ҳисоби маблағи буҷет ба андозаи 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ корҳои ҷустуҷӯиро анҷом доданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 1 миллиону 720 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.                      Раёсат соли гузашта аз рӯи 74 барнома дар бобати гузаронидани тадқиқоти геологӣ қарордод имзо карда буд. Дар ин муддат ба маблағи 6 миллиону 225 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро кард. Корҳои пудратӣ соли гузашта ба андозаи 360 ҳазор сомонӣ ва фаъолияти хоҷагӣ ба маблағи 9 миллиону 765 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёданд.                     Соли 2009 дар маҷлисҳои шӯрои илмию техникӣ ҳисоботҳо аз рӯи захираҳои 14 ҳавзаи нафту газ тасдиқ гардиданд. Ширкати «Газпромзарубежнефтегаз» ҳамроҳи мутахассисони раёсат ба таҳқиқи кони гази «Сариқамиш» шурӯъ намуд. Соли гузашта барои озмоишгоҳҳои раёсат маҷмӯи асбобу анҷом ва таҷҳизоти геофизикӣ харида шуд. Ин имкон медиҳад, ки таҳқиқоти захираҳои сарватҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат давом дода шавад.                      А.Иброҳим дар хотима изҳор намуд, ки кормандони раёсат дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҳисоби раёсат ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 10 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Кормандони раёсат ба парваришгоҳҳо, хонаҳои муйсафедон ва маъюбон ба маблағи бештар аз 20 ҳазору 480 сомонӣ кӯмак расонданд. 

Январь 13, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад