НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).-Зимни нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Исмоил Ҳалимов иброз намуд, ки дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2009-ум 13758 нафар коргарон кор карданд, ки ҳисоби миёнаи музди меҳнати миёнаи онҳо 130,5 сомониро ташкил дод. Бо назардошти сектори хусусӣ дар шаҳр ба маблағи 34 миллиону 764 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи истеҳсолкунандаи молҳои саноатӣ ба маблағи 16 миллиону 308 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки 102 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҷиҳати иҷрои Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ соли гузашта хоҷагидорон 8073 оилаҳои занбӯр парвариш намуданд ва ба миқдори 54 тонна асали хушсифат истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1061 оилаи занбӯри асал ва 13 тонна зиёд мебошад. Дар фарҷом намояндагони ВАО ба саволҳои худ аз тарафи муовини раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳо ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






