НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ

Январь 25, 2010 16:29

                  Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов 25 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки маблағи қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2009 – ум 1 миллиарду 691, 3 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Ин ба 35,8 фоизи маблағи умумии Маҳсулоти умумии дохилӣ баробар аст. Ҳол он ки Тоҷикистон соли 2008 аз хориҷа 1 миллиарду 371,4 миллион доллар қарз гирифта буд.                    Вазири молия зикр кард, ки соли гузашта барои баргардонидани қарзи мустақими давлатии Тоҷикистон 122,7 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Аз ин маблағ барои баргардонидани қарзи асосӣ зиёда аз 93 миллион доллари ИМА ва барои пардохти фоидаи қарз 30 миллион доллари ИМА сарф карда шуд.                     Соли 2010 барои баргардонидани қарзи беруна бештар аз 162 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. 86,4 фоизи ин маблағ барои баргардонидани қарз ва 13,6 фоизи он барои пардохти фоидаи қарзҳо сарф карда мешавад.                       Ба қавли вазир, афзоиши воқеии ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилӣ дар соли 2009 – ум 3,4 фоизро ташкил дода, ба 20,6 миллиард сомонӣ расид. Тибқи нақша, маблағи мазкур дар соли 2010 – ум 25 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. 

Январь 25, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд