НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов 25 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки маблағи қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2009 – ум 1 миллиарду 691, 3 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Ин ба 35,8 фоизи маблағи умумии Маҳсулоти умумии дохилӣ баробар аст. Ҳол он ки Тоҷикистон соли 2008 аз хориҷа 1 миллиарду 371,4 миллион доллар қарз гирифта буд. Вазири молия зикр кард, ки соли гузашта барои баргардонидани қарзи мустақими давлатии Тоҷикистон 122,7 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Аз ин маблағ барои баргардонидани қарзи асосӣ зиёда аз 93 миллион доллари ИМА ва барои пардохти фоидаи қарз 30 миллион доллари ИМА сарф карда шуд. Соли 2010 барои баргардонидани қарзи беруна бештар аз 162 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. 86,4 фоизи ин маблағ барои баргардонидани қарз ва 13,6 фоизи он барои пардохти фоидаи қарзҳо сарф карда мешавад. Ба қавли вазир, афзоиши воқеии ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилӣ дар соли 2009 – ум 3,4 фоизро ташкил дода, ба 20,6 миллиард сомонӣ расид. Тибқи нақша, маблағи мазкур дар соли 2010 – ум 25 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






