НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФ

Январь 12, 2010 09:13

                    Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дирӯз барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ бахшида ба натиҷаҳои соли 2009 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай қайд кард, ки ба шарофати тадбирҳои андешидаи вазорат ва роҳбарияти он масъалаи нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои мамлакат торафт беҳтар ҳал карда мешавад. Вазир изҳор намуд, ки айни ҳол дар ВМКБ ҳамагӣ 7 омӯзгор, дар вилояти Хатлон 15 омӯзгор ва вилояти Суғд 3 омӯзгор намерасад. Ҳол он ки аввали соли таҳсил дар мактабҳои мамлакат 4713 муаллим намерасид. Ин ба беҳтар гардонидани сифати таҳсил, вусъати дониши талабагон ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногун кӯмаки калон расонд. Соли гузашта дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 588 талаба ва дар озмунҳои байналхалқӣ 76 талаба ширкат варзида, 43 ҷои аввалинро ишғол намуданд. Соли таҳсили имсола миқдори ҷойҳои аввалин нисбат ба соли гузашта хеле бештар гардид.                    Илова бар ин, ба кавли вазир, айни ҳол ҳуҷҷат дар бораи ҷорӣ кардани маълумоти ҳатмии миёнаи даҳсола барои муҳокима ба ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шудааст. Дар мавриди мусбат ҳал гардидани ин масъала ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот дохил карда хоҳад шуд.                      Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли таҳсили имсола хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ барои дохил гардидан ба мактабҳои олии Федератсияи Русия Имтиҳони ягонаи давлатӣ супурда метавонанд. Имтиҳони ягонаи давлатӣ дар мактаби рақами 14 – уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия қабул карда мешавад. Аз соли таҳсили оянда сар карда, дар донишгоҳи мазкур омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқ тайёр карда мешаванд, гуфт вазири маориф.

Январь 12, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд