НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дирӯз барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ бахшида ба натиҷаҳои соли 2009 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай қайд кард, ки ба шарофати тадбирҳои андешидаи вазорат ва роҳбарияти он масъалаи нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои мамлакат торафт беҳтар ҳал карда мешавад. Вазир изҳор намуд, ки айни ҳол дар ВМКБ ҳамагӣ 7 омӯзгор, дар вилояти Хатлон 15 омӯзгор ва вилояти Суғд 3 омӯзгор намерасад. Ҳол он ки аввали соли таҳсил дар мактабҳои мамлакат 4713 муаллим намерасид. Ин ба беҳтар гардонидани сифати таҳсил, вусъати дониши талабагон ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногун кӯмаки калон расонд. Соли гузашта дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 588 талаба ва дар озмунҳои байналхалқӣ 76 талаба ширкат варзида, 43 ҷои аввалинро ишғол намуданд. Соли таҳсили имсола миқдори ҷойҳои аввалин нисбат ба соли гузашта хеле бештар гардид. Илова бар ин, ба кавли вазир, айни ҳол ҳуҷҷат дар бораи ҷорӣ кардани маълумоти ҳатмии миёнаи даҳсола барои муҳокима ба ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шудааст. Дар мавриди мусбат ҳал гардидани ин масъала ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот дохил карда хоҳад шуд. Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли таҳсили имсола хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ барои дохил гардидан ба мактабҳои олии Федератсияи Русия Имтиҳони ягонаи давлатӣ супурда метавонанд. Имтиҳони ягонаи давлатӣ дар мактаби рақами 14 – уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия қабул карда мешавад. Аз соли таҳсили оянда сар карда, дар донишгоҳи мазкур омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқ тайёр карда мешаванд, гуфт вазири маориф.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






