НОЗИРОНИ МИЛЛӢ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-14 январи соли ҷорӣ дар толори КМИР семинар дар мавзӯъи «Интихоботи парлумонӣ 2010 — озодӣ ва шаффофият. Асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот», баргузор мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар семинари мазкур намояндагони 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон иштирок карда, бо асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот, нозукиҳои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони маҳаллӣ, шаклҳои асосии иштироки нозирон дар интихобот ва усулҳои чораҷӯӣ ҳангоми муайян шудани камбудиҳо дар раванди интихобот шинос мешаванд. Дар асоси ин маълумотҳои гирифташуда, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд нозирони худро омода карда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ равон кунанд. Чунин семинар — машваратҳо дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то саршавии интихобот гузаронида хоҳанд шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






