ОҚИБАТИ ЗИЛЗИЛА БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

Январь 11, 2010 11:20

                 Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналхалқӣ бахшиди ба масъалаи бартараф сохтани оқибати зилзила дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварат баргузор гардид.                    Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев ба ҳозирон дар бораи вазъияти ноҳияи Ванҷ ва эҳтиёҷоти аҳолии зарардида маълумоти муфассал дод.                    Қайд карда шуд, ки аз рӯи маълумоти охирин бар асари зилзила 1019 ҳавлӣ хароб гардидааст, аз ҷумла 100 ҳавлӣ комилан ғайри қобили истифода мебошад. 600 сокини маҳаллӣ аз хонаю ҷои худ маҳрум гардидааст. Илова бар ин масофаи калони роҳҳои мошингард, хати интиқоли барқ ва корхонаҳо зарари калон дидаанд.                   А. Юлдошев афзуд, ки баъди як рӯзи фалокат таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов комиссияи махсус ба маҳалли воқеа фиристода шуд. Ҳукумат ва созмонҳои байналхалқӣ ба зарардидагон кӯмаки таъҷилӣ расонданд.                   Айни ҳол расондани кӯмаки тиббӣ ба зарардидагон ва таъминоти онҳо бо озуқа ва об хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Вале ҷунбиши замин ҳоло ҳам давом дорад. Бинобар ин 200 хоҷагӣ бояд ба маҳалли бехатар кӯчонда шавад. Ҳукумати мамлакат ба аҳолии маҳаллӣ то ҳадди имкон кӯмаки зарурӣ мерасонад. Ҳамроҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба зарардидагон барои сохтани хонаҳои нав қитъаи замин ҷудо карда шуд. Дар ноҳия масолеҳи бинокорӣ намерасад, гуфт А.Юлдошев.                    Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки 2 январ замин дар ноҳияи Ванҷ бо қувваи 5,3 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер ҷунбида буд.

Январь 11, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд