ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ВАҲДАТ ДАР ВМКБ
Хоруғ, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). — Раиси вилоят Қодири Қосим бо ҷараёни корҳо дар бунёди шифохонаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим шинос гардида, аз фаъолияти сохтмончиён изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳангоми дидан аз сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ: чойхонаи миллӣ, Литсейи Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Маркази ҷавонон, варзишгоҳи марказӣ, театри вилоятӣ, студияи телевизионии Бадахшон Раиси вилоят диққати масъулонро ба сифати сохтмони иншоотҳо, таъмини онҳо бо қувваи корӣ ва масолеҳи бинокорӣ ҷалб кард. «Муҳити табии Бадахшон метавонад ба ҷараёни кор таъсири худро расонад. Аз ин лиҳоз тамоми чораҳоро бояд андешид, ки ҳамаи иншоот то ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдат дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд», — таъкид кард раиси вилоят Қодири Қосим.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






