ОЗМОИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН

Январь 27, 2010 12:12

                  Душанбе, 27 январ.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академемик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳи муосири техникии Тоҷикистону Ҳиндустон» кушода мешавад. Дар ин хусус дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз ҷониби Ҳиндустон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амар Синх ба имзо расониданд.                    Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ин иқдом дар доираи густариши ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф татбиқ карда мешавад.                    Тибқи муқаррарот дар озмоишгоҳ таҷҳизот ва технологияи муосир насб шуда, донишҷӯёну устодон барои такмили дониш ва таҷрибаи хеш ба таври васеъ аз он истифода хоҳанд намуд.

Январь 27, 2010 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд