ОЗМОИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 27 январ.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академемик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳи муосири техникии Тоҷикистону Ҳиндустон» кушода мешавад. Дар ин хусус дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз ҷониби Ҳиндустон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амар Синх ба имзо расониданд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ин иқдом дар доираи густариши ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф татбиқ карда мешавад. Тибқи муқаррарот дар озмоишгоҳ таҷҳизот ва технологияи муосир насб шуда, донишҷӯёну устодон барои такмили дониш ва таҷрибаи хеш ба таври васеъ аз он истифода хоҳанд намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






