ОЗМУНИ ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ЛОҲУТӢ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эълон менамояд, ки дар мамлакат озмуни асарҳои оммавӣ ва таҳқиқоти журналистӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2010 гузаронида мешавад. Ба озмун асарҳои соли 2009 дар матбуот чопшуда ё ба воситаи телевизион намоишдодашуда пешниҳод карда мешаванд. Озмун аз чор бахши зерин иборат аст: — асари беҳтарини дар матбуот чопшуда; — барномаи беҳтарини телевизионӣ; — барномаи беҳтарини радио; — асари беҳтарини илмӣ ва таҳқиқотӣ — дастури таълимӣ дар соҳаи журналистика. Дар озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Асарҳо ба озмун то 1 марти соли 2010 қабул карда мешаванд. Маълумоти муфассалро дар бораи озмун аз кумитаи тадорукот ё аз котиботи Иттифоқи журналистон ба даст овардан мумкин аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






