ПАЁМИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Январь 1, 2010 00:00

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави 2010-и мелодӣ, шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2009    Ҳамватанони азиз! Падарону модарон ва бародарону хоҳарони арҷманд! Фарзандони меҳрубон!   Мувофиқи солшумории мелодӣ баъди чанд лаҳза соли нави 2010-ум фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо — азизон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва орзӯманди рӯзгори хушу осуда, файзу баракат ва саодати зиндагии ҳар хонадони тоҷик мебошам. Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо ба соли даҳуми асри XXI бо татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои бузурги стратегиву тақдирсози худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва сатҳу сифати шоистаи зиндагии мардум, ки то имрӯз дар ин самтҳо хеле қадамҳои устувор гузошта шудаанд, ворид мегардад. Мардуми шарифи мо имтиҳону озмоишҳои ҷиддии давраи истиқлолиятро сарбаландона паси сар карда, дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бо кору пайкори созанда мавқеи давлати соҳибистиқлоли худро дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан тақвият бахшида, бо эътимоди қавӣ ба ояндаи неки давлату халқи хеш ба хотири ободии Ватани азиз ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ бо азму иродаи мустаҳкам заҳмат мекашанд. Дар натиҷаи кӯшишу талоши аҳлона барои то андозае бартараф намудани мушкилоти энергетикӣ, фароҳам овардани инфраструктураи муосири коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, ки ҳама дар маҷмӯъ зербинои давлатдориву ватандорӣ мебошанд, мо дар соли кӯҳан ба хеле дастовардҳо ноил гардидем. Дар соли 2009-ум, ки ин лаҳзаҳо ба интиҳо мерасад ва бо рӯйдодҳои хотирмони худ дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бешубҳа, ҳамчун яке аз солҳои бобарор сабт мегардад, мо ба сохтмони иншооти тақдирсози кишвари худ – нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар ояндаи наздиктарин кишварамонро аз мушкилоти энергетикӣ раҳоӣ хоҳад дод, суръати тоза бахшидем. Бо бунёд намудан ва пурра ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ба мо муяссар гардид, ки шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистонро ташкил карда, мамлакати худро дар фасли тирамоҳу зимистон бо қувваи барқ ба қадри имкон таъмин намоем. Ба шарофати роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ, ки солҳои охир сохта, ба истифода дода шуданд, дар соли кӯҳан рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар Тоҷикистон хеле зиёд гардид, ки ин на танҳо ба афзоиши иқтидори содиротиву воридотии мамлакат, балки ба беҳбудии вазъи зиндагии мардум низ мусоидат карда истодааст. Соли 2009-ум барои мо боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст беш аз якуним миллион тонна ғалладона истеҳсол карда шуд ва ин дар таъмини амнияти озуқавории мардум дастоварди назаррас мебошад. Итминон дорам, ки бо роҳи истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва вусъати кишти такрорӣ ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Соли рафтаистода инчунин ба шарофати чорабиниҳои бошукӯҳи байналмилалӣ ба ифтихори Соли бузургдошти пешвои мазҳаби аҳли суннату ҷамоат, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҳам ба таҳкими худогоҳиву худшиносии халқи мо ва ҳам тақвияти минбаъдаи фарҳанги исломӣ такони ҷиддӣ гардида, ба афзоиши эътибору манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат намуд. Ин дастовардҳо, бешубҳа аз ояндаи неки давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу ободгарамон башорат медиҳанд. Дар айни ҳол раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки бо манфиатҷӯиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварҳои абарқудрат торафт шиддат мегирад, моро водор месозад, ки доир ба сарнавишти давлати соҳибистиқлоламон ва ояндаи Ватанамон, инчунин таъмини зиндагии пурсаодат ва худшиносиву худогоҳии мардуми худ бо дарназардошти нақшаҳои чил-панҷоҳ соли оянда андеша кунем ва амал намоем. Зеро дар пешорӯи мо дар баробари ҳифзи истиқлолияту соҳибихтиёрии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ тақвияти фазои сулҳу субот дар ҷомеа ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкориҳои зиёд истодааст. Бо дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу фардои халқи худ изҳор медорам, ки мо ҳамаи ҳадафҳои неки пешгирифтаамонро тадриҷан амалӣ мегардонем ва он рӯз дур нест, ки зиндагии осудаи мардуми сарбаландамон ва ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин мекунем. Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо – ҳамватанони азиз, ба ифтихори соли нави мелодӣ, яъне соли даҳуми ҳазорсолаи сеюм табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори хушу осуда ва зиндагии пурфайзу баракат орзумандам. Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!  

Январь 1, 2010 00:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст