ПРОКУРАТУРАИ ХАТЛОН 44 МИЛЛИОН СОМОНИРО БАРҚАРОР КАРД

Январь 19, 2010 12:00

                   Қӯрғонтеппа, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Назорати умуми самти афзалиятноки соҳаи назорати прокурорӣ ба ҳисоб рафта дар соли 2009 аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон 1576 санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29 санҷиш зиёд мебошад.                   Дар нишасти матбуотие, ки дар прокуратураи вилояти Хатлон баргузор гардид, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов қайд кард, ки прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи барқарор намудани зарар ва музди меҳнат ва қарзи истифодаи қувваи барқ, газ ва об диққати бештар дода, дар давоми соли 2009-ум бо ташаббуси онҳо зарар ба маблағи 44,6 миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи зиёда аз 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                     Ба гуфти В. Зайниддинов, аз он ҷумла ба ҳисоби буҷет 31 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ бошад, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои зарари барқароргардида, бо ташаббуси кормандони прокуратура ба ҳисоби буҷети давлатӣ 35,1 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Дар ин давра кормандони мақомоти прокуратураи вилоят дар самти назорати қонунҳои андоз ва гумрук бо ҷалб намудани мутахассисон 319 маротиба санҷишҳо гузаронидаанд, ки аз ин шумора 275 санҷиш ба қонунгузории андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 44 санҷиш ба риояи қонунгузории гумрукӣ тааллуқ дорад. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, чораҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 143 аризаи даъвогӣ ба маблағи 30,9 миллион сомонӣ ба судҳо ирсол карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 25,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. «Дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ ба ҳисоби буҷет 35,1 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 миллион сомонӣ зиёд аст» — афзуд В.Зайниддинов.

Январь 19, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд