«РОҒУН» ҚАРИБ БА 10 МЛН. СОМОНӢ СУҒУРТА ШУД
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» кафолати хавфҳои суғуртавӣ аз офатҳои табиии ҶСК «НБО «Роғун»-ро дар асоси шартнома ба маблағи 9 миллиону 601 ҳазор сомонӣ, 8 намуди суғурта, ба ӯҳдаи худ гирифтааст, ки то имрӯз ба маблағи 19 ҳазор сомонӣ ҳамчун товони зарар пардохт карда шудааст. Дар Ширкати «Тоҷиксуғурта» ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр карданд, ки дар баробари ин, ҷиҳати дастгирӣ ва ҳисса гузоштан дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» аз ҳисоби маблағҳои ширкат ба андозаи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби кормандон ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои «Роғун»-ро харидорӣ намуда, 23 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби нерӯгоҳ ҳамчун кӯмак гузаронидааст. Мавриди зикр аст, ки «Тоҷиксуғурта» дар давоми соли 2009 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ оид ба истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ пурра ба фурӯзонакҳои каммасраф гузашт, ки сарфи нерӯи барқро 4,7 маротиба кам кард. Инчунин, Ширкат мактаб-интернати деҳаи Аралии ноҳияи Восеъро пурра бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






