РОҲЕ, КИ ТУ МЕРАВӢ БА ТУРКИСТОН АСТ
Ба роҳбарияти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар». Хоҳиш мекунам, ин даъвати маро аз бародари ҳамхуну ҳамзабон ва ҳамшаҳриам чоп кунед то ӯ аз роҳи хато баргардад. Бо эҳтиром, сокини шаҳри Душанбе Ақдоди Абӯмуслим. РОҲЕ, КИ ТУ МЕРАВӢ БА ТУРКИСТОН АСТ Дар пайравии журналисти ваҳдатофар ва миллатгаро Сайёфи Мизроб «Интеллигентсияи тоҷик ва авом» ё ки чӣ тавр аъзоёни Ҳизби сотсиал-демократӣ дар вилояти Бадахшон бар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна мезананд. Ҳамчун зодаи шаҳри Хоруғ, ки муддатҳост дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон – Душанбе сукунат менамоям ва аз арзишҳои умумитоҷикӣ пайваста муҳофизат кардам, мақолаи «Интелегентсияи тоҷик ва авом», ки бо қалами журналисти забардаст С. Мизроб ниношта шудааст, хонда, ба фикр фурӯ рафтам. Ба ақидаи журналист нохун задан бар арзишҳои хурд ва майдае аз қабили арзишҳои «ҷанубӣ» ва «шимолӣ», адабиёти лаҳҷавӣ, эҳёи алифбои забонҳои помирӣ, ки дар маҷаллаи «Чатри симин» тарғиб мешавад, дар сурати мавҷуд будани алифбои тоҷикӣ ҳаммонанд ба «ихтирои ҷадиди велосипед» медонам. Вале ҳамчун иштирокчии конфронси байналхалқии «Забонҳои таҳти таҳдид ва таърих», чун бадахшониасл аз ҳифзи забонҳои помирӣ муҳофизат менамоям, агар ин иқдомот бадани миллати ягона ва кӯҳанбунёди тоҷикро рахна назананд. Мо бояд бисёртар дар бораи муштаракоти фарҳангӣ ва зотии худ андеша кунем, на дар бораи ихтилофоти хурде, ки ҳар як фарзанди хонавода онҳоро дорост. Барои эъмори арзишҳои умумимиллӣ ва асолати тоҷикӣ мо қурбонии зиёд додаем ва қурбонии аввалин дар ин росто Шириншои Шотемури қаҳрамон аст, ки шиори зиндагиаш «Ҳар куҷо бошам, бо тоҷикон бошам» будааст. Бо изҳори ҳамраъйӣ мехостам мушкилоти дигарро дар ин мақола матраҳ созам, ки аз ин масоили хурду реза болотар аст ва иртиботи ногусастанӣ бо мавқеъгириҳои интеллигентсияи тоҷик, аз ҷумла дар Бадахшон дорад. Сафаре ки ба ш.Хоруғ дар соли гузашта доштам, дар қатори мушоҳидаи дастовардҳои муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ камбудиҳои ҷиддиро умуман дар ташаккули мафкуравии баъзе аз намояндагони қишрҳои аҳолӣ ва мавҷуд будани халои сиёсиро эҳсос кардам. Ин худ дасту панҷа пайдо кардани созмону аҳзоби тахрибкоре, аз ҷумла, дар ҳудуди вилояти Бадахшон мебошад, ки мутобиқи технологияҳои ифлоси сиёсӣ дар байни мардум нуфуз пайдо карда, решаи таҳҷоӣ ё бумӣ надоранд. Ин пеш ва беш аз ҳама ба фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократӣ бо роҳбарии Р.Зоиров дар Бадахшон иртибот мегирад, ки баъзе бадахшониҳои авомфиреб ва ибнулвақту фурсатталабро (Хонда шавад: Абдулназар Амният, Шонусайриев Шодавлат, Марат Мамадшоев, Мунавваров Мунавваршо, Шерзамонов Алим) дар гирди худ ҷамъ оварда, нақшаи шикастани иттиҳоди мардуми тоҷикро доранд. Маълум аст, дар сурате мардуми тоҷик дар атрофи идеяи миллӣ, аз ҷумла сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун талош доранд, хатоест нобахшиданӣ. Бубин, ки бадахшониёни баору номус, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, маблағҳои калон ба хазинаи Роғун сарозер кардаанд. Ростӣ шоир дуруст гуфтааст, Беватан нест, ғарибе ки кунад ёди Ватан, Дарватанбудаи бе ёди Ватан бе Ватан аст. Ҳатто як нафарашон аз шаҳри Самара зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ ирсол кардааст, ки боиси таҳсину офарини тамоми тоҷикон аст. Дар муқоиса бо ин, амалҳои нораворо Алим Шерзамонов, муовини тозатаъини Ҳизби сотсиал-демократӣ ва роҳбари бахши бадахшонии ин ҳизб тарҳрезӣ мекунад ва сиёсати пардапӯшонаи роҳбари ӯзбекгарои худ Р.Зоировро дар Бадахшон роҳандозӣ карданист. Чӣ умумиятест тоҷики кӯҳистониро бо тангчашмони биёбонгарди гӯсфандчарон ё мехоҳад сиёсати ҳамсояи шимолии моро, ки мӯҷиби бадбахтиҳои гузашта ва ҳозираи мост пиёдасозӣ кунад? Ба тоҷикони худфурӯхтае монанд бошад, ки Самарқанду Бухороро бо ду дасти адаб ба аҷнабиён додан два боз ҳам ангушти ҳайрату пушаймонӣ газиданд. Ё мехоҳанд ба ин восита тухми низоъ ва тафриқа дар ҷомеаи тоҷикон дар самти Бадахшон коранд. Мӯйсафеди рӯзгордида ва ҷавонони бофарҳанги Бадахшон бо ин саволҳо зиёд саргардонанд. Ба ибораи онҳо «хунбаҳо»-и бадахшониёнеро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби воҳидҳои низомии Ӯзбекистон дар манотиқи кишвар кушта шуданд ва акси онҳо дар Музейи ш.Хоруғ мунъакис шудааст, шерзамоновҳо медода бошанд, ки боз ҳизби дигари берешаву пайванд бобоӣ бо ишораи намояндагони кишвари ҳамсоя татбиқ мекунанд. Ё истилоҳи усули «бобзамин»-ро аз ёд бурдаанд, ҳифзи марзу бум амри виҷдонист, на ин ки бо такя ба хориҷиён муомилагарӣ кардан. Ин роҳи маслиҳат нест, Алим чун, роҳе ки ту меравӣ ба Туркистон аст, баргард, агр мехоҳӣ камбудиҳои ҷомеаро нишон диҳӣ, ба ҳизбҳое рӯ биёр, ки асолати миллӣ доранд ва аъзоёни он фарзандони ин марзанд. Дар сурати ғайр нақши ту ба хоин Ҳоҷи Маҳмуди Бухороӣ монанд хоҳад шуд, ки ба хотири манфиатҳои дурӯзаи разилонаи хусусиаш Чингизхони хунхорро ба Осиёи Марказӣ дар асри 13-ум роҳбаладӣ карда буд. Чун узви собиқи оппозитсияи тоҷик манн шоҳиди тарҳрезии чунин технологияҳои сиёҳе, ки аз ҷониби ҳамсояҳо ба шерозаи ваҳдати мардуми тоҷик дар Бадахшон ворид мегашт, будам. Аз ҷумла вақте қумондон Навоиро бо назардошти робитахои хешутабориаш бо қумондони ӯзбектабори «Фронти халқӣ» Ибод Бойматов, доираҳои худфурӯхтаи ӯзбекгарои Тоҷикистон, аз ҷумла собиқ раиси вилояти Суғд Ҳомидов дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон узбекбаталион таъсис дода, бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-ум хезонданӣ буданд, хуб дар ёд дорам. Шукрона, ки ин нияти бадхоҳон бо зӯри худи мардуми Бадахшон ва интеллигенсияаш решакан шуд ва имрӯз Навоӣ ба меҳнати осоишта даст зада, сиёсати имрӯзаи Ҳукуматро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунад. Нақши ту Шерзамонови интеллигент дар ин замони сарнавиштсоз чӣ хоҳад буд? Аммо дар ин вақт, ки вақти тасмимгирӣ дар интихоботи парлумонист, ҳаракатҳои ин гунна аҳзоб, ба мисли ҲСДТ «ҳавзи обро тира сохта моҳӣ гирифтан» -ро мемонад. Барои мо фаҳмост, ки ин ҳизбгароӣ вобастагӣ бар халои сиёсии баъди суқути Иттиҳоди шӯравӣ дошта аз тарафи Зоиров баринҳо моҳирона истифода мегардад. Оё Алим Шерзамонов ҳамчун аҳли тариқати исмоилияи низорӣ медонад, ки Аълоҳазрат Оғохони 4-умро чандин солест, ки ба ш.Тошканд роҳ намедиҳанд? Хазинаи Оғохон, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, хосатан Тоҷикистон Рушду нумӯъ дорад. Мо бояд аз Э.Раҳмон, чун абармарди сиёсӣ сипосгузор бошем, ки баъди таъқибу ранҷ ва зиллатҳои 860 сола, баъди сипоҳдории қалъаи Аламут ба мо бародарвор иҷозат дод, то пешвоямон Оғохони 4-умро бубинем. Дар ёд дорӣ Алим, бобоёни мо дар ин роҳ шаҳодат доданд ва гӯшаи хайёлашон намеғунҷид, ки боре Имоми Замонро мебинанд. Дар ҷои сипосгузорӣ мо ба ҳизбгароӣ оғоз ва мехоҳем бар ивази некӣ бадӣ биёварем, ки ин салоҳи кор нест. Ва боз шунидаем, ки Шерзамонов Алим фарди раҳгумзада ва асолатбохтаеро чун роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша М.Муҳаммадбоқиров, ки бо амалҳои ҷинояткоронаи хеш ба фаъолияти мустақилонаю рӯзмарраи мақомоти давлатии маҳаллӣ халали ҷиддӣ эҷод менамоянд, шахси боэътимод бар хилофи моддаи 38-уми Қонуни «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» интихоб кардааст, ки бо амалу ҳаракатҳои ҷиноиаш худсарона ба ташвиқу тарғиби намояндаи ҲСДТ дар Шуғнон, Роштқаъла ва ш.Хоруғ даст задаст. Бо истифода аз зӯру таҳдид ва ҳисси баланди маҳалгароӣ ҷавонони бадахширо, ки толиби илму дониш ва илмҳои замонавӣ ҳастанд, ин шахси боэътимоди худномгирифта Муҳаммадбоқиров ба сӯи худ гаравида, аз пайраҳаи илму савод канорагирашон мекунад.Ҳушёр бошед, ҷавонон, ки душман дар камин аст. Дар охир ба А.Шерзамонов аз сухани А.Ҷомӣ гуфтанием: Ин шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид, Гуфт бо воъиз: Он ҷо ғорату куштор ҳаст? Гуфт: На! Гуфто: Бадтар бошад зи дӯзах он биҳишт, К-андар ӯ кӯтаҳ бувад аз ғорату куштор даст. Ақдоди Абумуслим