РОҲИ АЛТЕРНАТИВИИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ БАРРАСӢ МЕГАРДАД

Январь 6, 2010 16:39

                 Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ вобаста ба интиқоли энергияи барқ дар мавсими зимистон бо вазоратҳои энергетикаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон тариқи мактубҳои расмӣ ва гуфтугӯҳои телефонӣ чандин маротиба муроҷиат намуд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.                     Мутаасифона, бо сабаби ҳал нагардидани интиқоли барқи транзитӣ тавассути ҷумҳурии Узбекистон, масъалаи мазкур то ҳол ҳалли худро наёфтааст.                       Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва саноат пешниҳод менамояд, ки масъалаи интиқоли энергияи барқ аз ҷумҳурии Қирғизистон тавассути хатти баландшиддати интиқоли барқи «Конибодом-Боткент» дар машварати навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон, мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шавад.  

Январь 6, 2010 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд