СӯХТОР ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДИИ КҲФ МГ ҶТ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 18 январи соли ҷорӣ дар маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И. Сомонӣ сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, аз алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ болопӯши бино сӯхта нобуд гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврии тактикӣ-оташнишонӣ сӯхтор дар муддати кӯтоҳ ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Айни замон аз тарафи ХДО сабаб, гунаҳкор ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






