С.КАМОЛОВ: «БА ТАШКИЛОТИ МАДАДГОРИ МУДОФИА МА&#1178ОМИ ДАВЛАТӢ-&#1206АМЪИЯТ&#1250 ДОДА ШАВАД»

Январь 16, 2010 12:07

                   Душанбе, 16 январ (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — «Дар ташкилоти ҷамъиятӣ кор кардани зиёда аз 60 афсар ва 17 прапоршик аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст буда наметавонад», — гуфт дар рафти нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Саиданвар Камолов. Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Кумитаи мазкур ва нақшаҳои корӣ барои соли 2010 дирӯз дар шаҳри Душанбе, дар толори бинои марказии Кумита барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор карда шуд.                     С.Камолов қайд кард, ки замони шӯравӣ ҳангоми авҷ гирифтани ҷанги сард миёни ду системаи ҷаҳонӣ роҳбарияти СССР бо мақсади намоиши ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати байналхалқии ҳукумат сохтори ДОСААФ -ро (Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флот) ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекард. Аммо, имрӯз ба чунин намоишкорӣ ҳоҷат намондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол метавонад Ташкилотҳои мададгори мудофиаро мақоми давлатӣ-ҷамъиятӣ диҳад, чуноне ки дар Ҷумҳурии Белорус ва Федератсияи Русия аллакай чунин қарор қабул карда шудааст.                      «Имрӯз Кумитаи мададгори мудофиа дар тамоми қаламрави мамлакат дорои 79 базаҳои моддиву техникӣ буда, ҳам барои хоҷагии халқ ва ҳам барои қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Вазорати дифоъ, қушунҳои сарҳадӣ, горди миллӣ ва вазорати ҳолатҳои фавқулодда мутахассисонро омода мекунад. Ҳамчунин Кумитаи ташкилоти мададгори мудофиа имкониятҳои пурраи моливу техникӣ ва кадриро барои пеш бурдани дарсҳои тайёрии ҳарбии мактабиёни синни даъватиро дорад. Мутаассифона, ин дархости мо аз ҷониби дигар вазоратҳо дастгирӣ наёфт. Айни ҳол ташкилоти мададгори мудофиа дар 16 мактабҳои махсуси омӯзишӣ мутахассисонро аз рӯи 7 намуди ҳунарҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷумла тирпарронӣ, мошинронӣ, истифодаи парашют ва ғайраҳо тайёр мекунад. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли гузашта дар назди КМ ТҶММ литсейи касбӣ-техникӣ кушода шуд, дар он ҷо ҳоло 90 нафар ҷавононписарону духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд», — гуфт С.Камолов.                   Дар баробари дигар корхонаву муассисаҳои мамлакат ТҶММ низ ба даъвати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтмони НБО Роғун бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ҳамовоз гардида то имрӯз ба миқдори 448 ҳазору 200 сомонӣ саҳмия харидорӣ кардаанд. «Мо ният дорем то охири соли 2010 ба арзиши қариб 1 миллион сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ кунем. Ҳамчунин, Ташкилоти мададгори мудофиа яке аз аввалинҳо шуда ба хазинаи бунёди НБО Роғун 127 ҳазор сомонӣ хайрия интиқол додаст» — гуфт Саиданвар Камолов.

Январь 16, 2010 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд