САҲМИ ДИПЛОМАТҲО ДАР СОХТМОНИ НЕРӮГОҲ

Январь 11, 2010 17:21

                Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин коргарони муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис» Муроҷиатномаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва зарурати харидани саҳмияҳои онро якдилона дастгирӣ намуданд. Онҳо қарор доданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм мегузоранд.                   Хабар дода мешавад, ки кормандони ин идораҳо то 11 январ ба маблағи 1 миллиону 671 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидаанд.                    То ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз ҷониби ВКХ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 110 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда буд.

Январь 11, 2010 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд