САҲМИ ДИПЛОМАТҲО ДАР СОХТМОНИ НЕРӮГОҲ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин коргарони муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис» Муроҷиатномаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва зарурати харидани саҳмияҳои онро якдилона дастгирӣ намуданд. Онҳо қарор доданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм мегузоранд. Хабар дода мешавад, ки кормандони ин идораҳо то 11 январ ба маблағи 1 миллиону 671 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидаанд. То ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз ҷониби ВКХ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 110 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






