САҲМИ КОРМАНДОНИ САФОРАТХОНА ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Маъмурият ва кормандони сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷавоби муроҷиатномаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии Роғунро ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ харанд. Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дар ҳузури кормандони сафорат изҳор намуд, ки Роғун на танҳо манбаи нур, балки шаъну шараф, ифтихори миллӣ ва нишонаи иқтидор ва мустаҳкамии пояҳои давлат мебошад. Вай зикр намуд, ки сокинони Тоҷикистон дар куҷое, ки набошанд ба муроҷиатномаи Сардори давлат ҳамовоз гардида, дар ободию шукуфоии мамлакат саҳми худро мегузоранд. Р.Олимов ёдовар шуд, ки дар арафаи иди Соли нав донишҷӯёни тоҷик дар Чин ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» маблағи муайян гузаронида буданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






