САҲМИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР ДАР ХАРИДОРИИ САҲМИЯҲОИ НБО-«РОҒУН»
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Сокинони ноҳияи Ҳисор моҳият ва зарурати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дуруст дарк намуда, ба маблағи 6, 5 миллион сомонӣ саҳмияҳои ин иншооти муҳими асрро харидорӣ каданд. Назар ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор Бобосафар Шарифов, муроҷиати Сарвари давлат аз ҷониби тамоми қишрҳои аҳолӣ дастгирӣ ёфта, маоши якрӯзаи кормандони тамоми корхонаю ташкилотҳои ноҳия ба миқдори беш аз 70 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида шуд. Бобосафар Шарифов афзуд, ки муроҷиати Президенти ҷумҳуриро яке аз аввалинҳо шуда, рӯҳониён, ходимони дин ва намозгузорони ноҳия хуб пазируфтанд. То имрӯз аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия беш аз сад ҳазор сомонӣ маблағ ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронида шуда, ин раванд бо суръат идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






