САҲМИЯИ ЗАНҲОИ БАРУМАНДИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Суғд, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Имрӯз дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд занҳои баруманди шаҳр ҷамъ омада ба тариқи идона саҳмия харидорӣ намуданд. Соҳибкори номӣ, сардори комплекси савдои «Нисо», соҳибкор – Раҳбар Маҳкамова ба маблағи 5100 сомонӣ аз ҳисоби пасандози худ саҳмия харидорӣ намуд . Инчунин рассоми хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи мукофоти Рӯдакӣ Зулфия Баҳридинова, соҳибкор аз деҳаи Унчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гавҳар Машарипова ва дигарон ба маблағи ҳар кадоме 5000 сомонӣ саҳмия хариданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






