«САДОИ МАРДУМ» ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» САҲМ МЕГУЗОРАД

Январь 5, 2010 17:45

                 Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Рӯзномаи «Садои мардум» дар инъикоси рӯйдодҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, хусусан ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва тезонидани суръати он нақши муҳим дорад.Дар ҳар шумораи рӯзнома дар бораи меҳнати ҳамарӯзаи бунёдкорони ин иншооти бузург хабару мақолаҳо чоп мешаванд.                  Дар баробари ин ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома қарор доданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур шахсан ва бевосита саҳм гузоранд.                   Аз ҷумла дар маҷлиси ҳайати таҳририяи рӯзнома қарор дода шуд, ки аз ҳисоби моҳонаи кормандони он барои сохтмони НБО «Роғун» маблағи муайян ҷудо карда шавад. Ғайр аз ин бинокорони нерӯгоҳ ба 100 нусха рӯзномаи «Садои мардум» дар соли 2010 бепул обуна карда хоҳанд шуд.                   Кормандони рӯзнома дар маъракаи харидани саҳмияҳои нерӯгоҳ низ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Январь 5, 2010 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд