САФАРИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК БА ЭРОН

Январь 8, 2010 10:19

                  Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик, ки аз роҳбарону сармуҳаррирони хабаргузориҳои миллӣ ва мустақили Тоҷикистон ба мисли «АМИТ «Ховар», «Азия Плюс», Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои телевизионӣ ва ҳафтаномаи «Чархи гардун» иборат аст, 8 январ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.                   Сафари намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Эрон аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии ба номи имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.                     Муддати як ҳафта рӯзноманигорони тоҷик бо вазъи васоити ахбори ин кишвар ошно гардида, бо ҳамкасбони эронии худ дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, аз шаҳрҳои Теҳрону Машҳад ва Шероз боздид намуда, бо ёдгориҳои қадимаю таърихии ин кишвар ошно мегарданд.

Январь 8, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд