САРДОРИ ШБДА –и ШКД –и НОҲИЯИ ТУРСУНЗОДА БО ПОРА ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати амали ғайриқонунии сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД –и ноҳияи Турсунзода Ҷобиров Ҳамзаалӣ Абдулҳақович ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки номбурда аз соли 1993 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва аз моҳи октябри соли 2009 ба ҳайси сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД – и ноҳияи Турсунзода таъин шуда кор мекард. Ҳ .А. Ҷобиров барои аз ҷаримагоҳи шӯъбачаи БДА – и ШКД – и ноҳияи Турсунзода баровардани автомашинаи тамғаи «Тико» , ки ба шаҳрванд «Ю» тааллуқ доштааст, 300 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ 24 –уми ноябри соли 2009 Ҳ .А. Ҷобиров ҳангоми гирифтани 200 доллари амрикоӣ дар утоқи кориаш аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир гардид. Кормандони Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати Ҳ .А. Ҷобиров аз рӯи моддаи 319 қ. 2 (гирифтани пора)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтмишот мебарад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






