САРДОРИ ШБДА –и ШКД –и НОҲИЯИ ТУРСУНЗОДА БО ПОРА ДАСТГИР ШУД

Январь 8, 2010 12:01

                   Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати амали ғайриқонунии сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД –и ноҳияи Турсунзода Ҷобиров Ҳамзаалӣ Абдулҳақович ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки номбурда аз соли 1993 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва аз моҳи октябри соли 2009 ба ҳайси сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД – и ноҳияи Турсунзода таъин шуда кор мекард. Ҳ .А. Ҷобиров барои аз ҷаримагоҳи шӯъбачаи БДА – и ШКД – и ноҳияи Турсунзода баровардани автомашинаи тамғаи «Тико» , ки ба шаҳрванд «Ю» тааллуқ доштааст, 300 доллари амрикоӣ талаб кардааст.                     Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ 24 –уми ноябри соли 2009 Ҳ .А. Ҷобиров ҳангоми гирифтани 200 доллари амрикоӣ дар утоқи кориаш аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир гардид.                      Кормандони Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати Ҳ .А. Ҷобиров аз рӯи моддаи 319 қ. 2 (гирифтани пора)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтмишот мебарад. 

Январь 8, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид