ШӮРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД

Январь 20, 2010 12:00

                   Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 22 январ дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ маросими шиносоӣ бо фаъолияти Шӯрои воситаҳои ахбори оммавии мамлакат баргузор хоҳад гашт. Тибқи нақша, дар он раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммавӣ Иброҳим Усмонов дар бораи фаъолият ва ҳадафу вазифаи шӯро ва нақшаю вазифаҳои он дар соли 2010 сухан меронад.                      Ба иштирокчиёни ҷамъомад «Роҳнамои танзими фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ» тақсим карда хоҳад шуд, ки намояндагии САҲА дар Тоҷикистон нашр намудааст.                       Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯрои воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 таъсис ёфта буд. Фаъолияти он дар мақомоти дахлдор 14 январи соли 2010 ба расмият дароварда шуд.

Январь 20, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд