ШӮРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 22 январ дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ маросими шиносоӣ бо фаъолияти Шӯрои воситаҳои ахбори оммавии мамлакат баргузор хоҳад гашт. Тибқи нақша, дар он раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммавӣ Иброҳим Усмонов дар бораи фаъолият ва ҳадафу вазифаи шӯро ва нақшаю вазифаҳои он дар соли 2010 сухан меронад. Ба иштирокчиёни ҷамъомад «Роҳнамои танзими фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ» тақсим карда хоҳад шуд, ки намояндагии САҲА дар Тоҷикистон нашр намудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯрои воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 таъсис ёфта буд. Фаъолияти он дар мақомоти дахлдор 14 январи соли 2010 ба расмият дароварда шуд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






