ШИРКАТИ МУШОВИРИИ НБО «САНООБОД» ТАЪСИС ДОДА ШУД

Январь 6, 2010 15:15

                  Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар робита ба натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони IV, ки моҳи ноябри соли 2008 баргузор гардида буд, Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва саноати ҶТ барои таҳия намудани лоиҳаи асосноккунии пешакии техникию иқтисодии НБО-и «Санобод» Ширкати мушовирии «ШТУКИ» -ро таъсис дод.                     Дар асоси талаботи шартҳои техникии асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ) Ширкати мушовири мазкур нишондиҳандаҳои пешакии техникии иншоот, аз ҷумла ҷиҳатҳои гидрологӣ, сейсмологӣ ва дигар хусусиятҳои геотехникии маҳалли сохтмонро муайян ва баҳогузорӣ мекунад.                   Айни замон, Ширкати мушовирӣ дар ин самт корҳои ибтидоиро оғоз кардааст. Бояд қайд намуд, маълумотҳои мухтасари умумӣ вобаста ба лоиҳа, дар натиҷаи гузаронидани корҳои омӯзишӣ муайян карда мешаванд.                     Натиҷаҳои пешакии асосноккунии техникию иқтисодӣ тасдиқ менамояд, ки мавзеи интихобгардида бо истифода аз маҷрои дарёи Панҷ дар поёни деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон бо назардошти фишори муайянкардашудаи об 160 метри кубӣ дар 1 сония, аз ҷиҳати хусусиятҳои техникӣ барои ба роҳ мондани сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ ва иқтидори муайянкардашуда 125 МВт мебошад.                    Нишондиҳандаҳои геологӣ ва сейсмологӣ қаноатбахш буда, хусусияти хоси гидрологии минтақа имконият медиҳад, ки нерӯгоҳ дар давоми сол, ба таври кофӣ қувваи барқ истеҳсол намояд. Аз сабаби он, ки лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дериватсионӣ бо истифода аз ҳаҷми ками оби дарё ба нақша гирифта шудааст, иншооти мазкур ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Ҳамчунин, ин тарзи кори нерӯгоҳ барои таъмини нишондиҳандаи баланди коэффитсиенти фоиданоки нерӯгоҳ ва иқтидори истеҳсолӣ дар мавсими зимистон, ҳангоми кам будани оби дарё мусоидат мекунад.  

Январь 6, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд