ШОҲРОҲИ ПАНҶАКЕНТ ТАҶДИД МЕШАВАД?
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, Қитьаи Душанбе-Данғара яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин шоҳроҳи байналмилалӣ буда, дар ҷануб Вилояти Хатлонро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъдан бо шоҳроҳи Кароқоруми Ҷумҳурии Халқии Чин мепайвандад», — зикр намуд дар ҷараёни нишасти матбуотӣ роҳбари лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Душанбе-Данғара Низом Ҳакимов. Ӯ тазаккур дод, ки мақсад аз татбиқи лоиҳа мусоидат намудан дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои Ҷанубу Ғарбии ҶТ буда, маблағи умумии марҳилаи якуми ин лоиҳа 51 миллиону 578 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 49 млн. доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Чин ва 2.57млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳа моҳи сентябри соли 2009 оғоз гардида, мӯҳлати татбиқи ин лоиҳа 24 моҳ муайян шудааст. Дар фарҷом Н. Ҳакимов ба саволҳои хабарнигрон посухҳои мушаххас дода, иттилоъ дод, ки бо як ширкати чиноӣ оид ба таҷдиди шоҳроҳи ҳудуди Панҷакент аз сарҳади ноҳияи Айнӣ то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфту шунид анҷом дода шудааст, ки шояд дар соли ҷорӣ дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ оғоз ёбанд. Бо дарназардошти аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштан ва ба рушди минбаъдаи минтақа мусоидат намудани ин роҳ Ҳукумати мамлакат низ ин қитъаи роҳро ба рӯйхати нақшаи генералии таҷдиди роҳҳои ҷумҳурӣ ворид кардааст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






