СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАБЛАҒИ 76 МИЛ.СОМОНӢ САҲМИЯ МЕХАРАНД

Январь 5, 2010 09:41

                 Кӯлоб, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коргарони корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, соҳибкорон, ҷавонону пирони рӯзгордида барои харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор кардани ин маъракаи ватандӯстона аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузорӣ 11 нуқтаи фӯруши саҳмияҳо кушода шудаанд. Илова ба ин боз 3 нуқтаи иловагии фӯруши саҳмияҳо барои расонидани хизмат ба сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб омода мебошад.                   Дар назар дошта шудааст, ки сокинони шаҳри Кӯлоб бо маблағи 76 миллион сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ карда дар бунёди иншооти миллӣ саҳми шоистаи худро мегузоранд. Аз ҷониби Ситоди таъсисдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар фазои шодӣ ва ифтихор аз ҳисси ватандорӣ гузаронидани ин маъракаи муҳим барпо кардани чораҳои иттилоотиву — фарҳангӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст. 

Январь 5, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд