СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
4 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии сарвари давлати ба мо дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ, арзи салом ба горди фахрӣ ва эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар охири маросими истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо расми гузашти низомии ҷузъутомҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид. Масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ гардид. Мавзӯи асосии сӯҳбат тезондани татбиқи паймону созишномаҳои қаблии Тоҷикистону Эрон, ки дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва ғайра ба имзо расидаанд ва дарёфти роҳу василаҳои нав барои густариши минбаъдаи ҳамкории стратегии ду кишвар буд.Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштироки сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: — Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба; — Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи экстрадитсия; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон; — Созишнома миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъданҳои Ҷумҳурии Исломиии Эрон дар бораи таъсис додани марказҳои миллии маълумотҳои илмҳои заминшиносӣ, геоматика ва технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси иҷрои амалиёти такмилии нақби Истиқлол; — Тавофуқнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «Фароб» ба намояндагӣ аз Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси омӯзиши лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқии обии «Айнӣ». Зимни нишасти матбуотӣ Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ёдоварӣ аз муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва забонии Тоҷикистону Эрон дурнамои муносиботи ду кишварро умедбахш арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзи аввали корӣ дар соли нави мелодӣ рост омадани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро фоли нек аз нерӯи тоза пайдо кардани муносиботи гуногунҷанбаи стратегии ду кишвар маънидод кард. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи санадҳои нави имзошуда як зумра лоиҳаҳои нави иқтисодӣ татбиқ хоҳанд шуд. Аз ҷумла ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, бо ҷудо намудани 6 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои иловагӣ бунёди нақби Истиқлолро бо сифати баланд ба поён расонад. Омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи нерӯгоҳи обии Айнӣ (бо иқтидори 170 мегават дар болои дарёи Зарафшон) ва ҳамчунин сохтмони он бояд бо сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом ёбад. Навбати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 бояд то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Сохторҳои дахлдори ду давлат тасмим гирифтанд, ки дар анҷом додани корҳои геологӣ – ҷустуҷӯӣ барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Оид ба омўзиши лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи обии 870 мегаватаи Шўроб дар болои дарёи Вахш ва як нерўгоҳи хурди 21 – мегавата дар болои Искандардарё низ тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ бо муваффақият фаъолият доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






