СУДИҶРОЧИИ ҶИНОЯТКОР
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар бораи тамаъҷӯии судиҷрочии шаҳри Сарбанд бо ариза муроҷиат намуд. Ҳолати корро дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ чунин шарҳ доданд: — Шаҳрванд «С» бо ҳукми суди шаҳри Сарбанд аз 27 – уми апрели соли 2009 бо моддаи 244 қ.2 (дуздӣ) – и КҶҶТ маҳкум шуда, нисбати ӯ ҷазо дар шакли ҷарима ба маблағи 2500 сомонӣ таъин карда мешавад, ки то моҳи ноябри соли 2009 маблағи ҷаримаро қисман (1600 сомонӣ) пардохт кардааст. Баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи Авф» (3 ноябри соли 2009), судиҷрочии шаҳри Сарбанд Иброҳим Раҳматов, ки иҷроиши ҳукми судро нисбати С. Фозилов ба зима дошт, бо баҳонаи озод намудан аз пардохти боқимондаи ҷаримма (900 сомонӣ), аз маҳкумшуда бо мақсади ришватситонӣ 200 сомонӣ талаб кардааст. 19 – уми ноябри соли 2009 зимни амалиёти фаврӣ – тафтишотӣ судиҷрочӣ Иброҳим Раҳматов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 200 сомонӣ дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои суди шаҳри Сарбанд аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дастгир шуда, аз кисааш ҳангоми кофтукови шахсӣ 200 сомонӣ чун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати боздоштшуда тафтиш бурда мешавад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






