ТАҚВИМИ ҶАҲОНӢ ТАҒЙИР ДОДА МЕШАВАД Ё НЕ?
Ню — Йорк, 16 январ. (АМИТ «Ховар» — нюс.майл.ру). – Дар Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи тағйир додани тақвими умумиҷаҳонӣ баррасӣ карда мешавад. Онро раиси Ассосиатсияи ҷаҳонии тақвимҳо Уэйн Ричардсон пешниҳод кардааст. Мувофиқи пешниҳоди ӯ, ҳар фасли сол расо аз 91 рӯз ва 21 ҳафтаи пурра иборат буда, як сол 364 рӯзро дар бар мегирад. Инчунин, сол ҳамеша аз рӯзи якшанбе сар шуда, ҳамаи санаҳои таърихӣ ба қайд гирифта мешаванд. У.Ричардсон пешниҳод мекунад, ки проблемаи солҳои кабиса бо кӯмаки як рӯзи «зиёдатии» шанбе ҳал карда шавад. Рӯзи шанбеи мазкур ҳар сол баъди 30 июн ба ҳисоб гирифта, вале дар тақвим қайд карда намешавад. Ба истилоҳи дигар, агар 16 январи соли 2010 ба рӯзи шанбе рост ояд, 16 январи соли 2011 низ ба рӯзи шанбе рост меояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






