ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲАМРАЪЙИИ ДУШАНБЕГИҲО ДАР БУНЁДИ НБО «РОҒУН»

Январь 6, 2010 10:20

                   Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- 6 январ дар пойтахти ҷумҳурӣ Рӯзи ҳамраъйии сокинони пойтахт дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҷлил гардид. Аз субҳи барвақт дар чор маҳали ноҳияҳои пойтахт-ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Маркази равобити пойтахт, Фирдавсӣ дар бинои Сирки давлатӣ, Шоҳмансур – Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Сино – Қасри филармонияи давлатӣ нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» ташкил карда шуд.                      Раиси Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии ҷумҳурӣ, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба яке аз маҳалҳои фурӯши саҳмияҳои ин иншооти муҳими стратегӣ, ки дар Маркази равобити пойтахт созмон дода шуда буд, ташриф овард. Зимни сӯҳбат Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷамъомадагон ва сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хусуси аҳамияти бунёди ин иншооти азими аср- НБО «Роғун» ва саҳми сокинони пойтахт дар бунёди он тавассути дастрас кардани саҳмияҳо ибрози назар кард. Раиси шаҳр зикр кард, ки иқдоми наҷиб, яъне эълон гардидани 6 январ Рӯзи ҳамраъйии сокинони пойтахт дар бунёди НБО «Роғун» бо қарори Иҷлоисияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 24 декабри соли 2009 қабул гардида буд.                       Раиси шаҳр сохтмони НБО «Роғун»-ро дар рушди иқтисодиёт, пешрафту шукуфоии Тоҷикистон муассир арзёбӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки сокинони пойтахти кишвар чун дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар сохтмони иншооти муҳими аср саҳми босазо мегузоранд. Дар назар аст, ки дар ин рӯз беш аз 30 ҳазор оилаҳои шаҳри Душанбе саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро дастрас менамоянд.                      Бояд зикр кард, ки 6 январ аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар миқёси ҷумҳурӣ 580 нуқтаи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» ба фаъолият шурӯъ карданд.

Январь 6, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд