ТАЙЁРӢ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Январь 22, 2010 17:10

                 Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 27 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Маъракаи мазкур аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад.                      Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омор ғайр аз маблағи дар буҷет ҷудогардида мамлакатҳои мададрасони Тоҷикистон низ дар гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ кӯмак хоҳанд расонд. Аз ҷумла, Бунёди нуфуси СММ ба Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар гузаронидани маърака маслиҳату машварат медиҳад.                    Аз рӯи маълумоти омор, шумораи аҳолии Тоҷикистон каме бештар аз 7,51 миллион нафар мебошад, ки 49 фоизи онро занон, 45 – фоизро бачагони ноболиғ ва 5,4 фоизи аҳолиро нафақахӯрон ташкил медиҳанд.

Январь 22, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд