ТАЪМИРИ КОХИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТАБОШАР
Суғд, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Ба истиқболи чашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Табошар Кохи фарҳангӣ, ки 60 сол муқаддам бино ёфтааст, баъди таъмиру тармими кули симои тозаю дилрабо гирифт. Ин Кохи фарҳангӣ бо усули хоса ва меъмории нотакрор бунёд шудааст. Корҳои таъмиру тармимро гурӯҳи бинокорон, ки дар шаҳри Табошар бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ созмон дода шудааст. Корхонаи фаръии хоҷагии манзилию рифохии шаҳр бо ҷалби усто ва рассомон аз манотиқи дигари вилояти Суғд ба анҷом расонданд. Барои таъмири кулли Кохи фарҳанг маблағҳои кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин соҳибкорон масраф гардид. Корҳои таъмиру тармим бо пурра нигоҳ доштани тарҳу намуди аслияш анҷом дода шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






