ТАНҲО 42 ФОИЗИ АРЗИШИ ОБРАСОНӢ ПАРДОХТ ШУДААСТ

Январь 29, 2010 09:47

  Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ, соли 2009 вазорати мазкур, бо 6941 хоҷагиҳо барои обрасонӣ дар майдони 568819 га шартнома ба имзо расонида, мувофиқи дархост ба заминҳои кишоварзӣ ба миқдори 4738,0 млн метри м3   бо арзиши 83,3 млн. сомонӣ хизмат расонида шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷониби обистифодабарандагон ба маблағи 34,8 млн. сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки 42 фоизи арзиши оби истифодашударо ташкил медиҳад. Маблағи пардохтшуда нисбат ба соли 2008  9,7 млн. зиёд бошад ҳам, нисбат ба оби истифодашуда беш аз 48 млн. сомонӣ кам аст. 

Январь 29, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд