ТАРМИМИ АКАДЕМИЯИ ВКД АНҶОМ ЁФТ

Январь 13, 2010 10:20

                  Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 12 январ маросими ифтитоҳи бинои ба тозагӣ тармимшудаи Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс ширкат варзиданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бинои Академияи ВКД ва синфхонаҳои он бо маблағи ҷудонамудаи сафорати ИМА пурра тармим карда шуданд. Айни ҳол ҳамаи синфхонаю кабинетҳои академия бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда шуданд.                     Академияи ВКД соли 1990 таъсис ёфта буд. Як факултаи иловагии он дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Академия дар миқёси мамлакат ягона муассисаи таълимӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.                    Аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ҳукумати ИМА аз ҳамкорӣ бо академияи ВКД Тоҷикистон қаноатманд мебошад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамроҳи омӯзгорони академия барои беҳтар сохтани ҷараёни таҳсил ва барномаҳои таълимии забони англисӣ тадбирҳо меандешад.

Январь 13, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд