ТАЪСИСИ ИТТИФОҚИ НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Роҳбарони се нашрияи мустақил — ҳафтаномаҳои «Нигоҳ», «Фараж» ва «СССР» 11 январ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бораи ташкили Иттифоқи нашрияҳои мустақили мамлакат қарордод имзо намуданд. Ҳадафи таъсиси иттифоқ таъмини рушди устувори фаъолияти нашрияҳои мустақил, ба роҳ мондани ҳамдилии журналистон, муқаррар намудани сиёсати ягонаи ҳифзи манфиатҳои миллии мамлакат, вусъати фазои иттилоотӣ ва дастгирии фаъолонаи сохтмони НБО «Роғун» дар воситаҳои ахбори оммавӣ мебошад. Муассисони иттифоқи нав ният доранд, ки дар шаҳри Роғун бунгоҳи ягонаи иттилоотӣ ташкил дода, дар бораи бинокорони НБО «Роғун» китоби алоҳида нашр намуда, ҷараёни сохтмони нерӯгоҳро дар нашрияҳои мустақил инъикос кунанд. Мақоми олии идоракунандаи иттифоқ Шӯрои ҳамоҳангсози он мебошад. Ба шӯрои мазкур сармуҳаррирон ва ноширони ҳафтаномаҳои «Нигоҳ, «Фараж» ва «СССР» шомил гардиданд. Зикр карда мешавад, ки нашрияҳои дигари мамлакат низ ба иттифоқи мазкур шомил гардида метавонанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






