«ТОҶИКСУҒУРТА» БА ШАХСОНИ СУҒУРТАНАШУДА ҲАМ КӮМАК МЕКУНАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2009 Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикстон «Тоҷиксуғурта» ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 985 ҳазор шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз ин шумора 310 ҳазор аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва 674,9 ҳазор аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 15 январ, раиси «Тоҷиксуғурта» Аловидин Сатторов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки дар ин давра ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 8 миллиону 432 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ҳақгузорӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2008-ум 2 миллиону 746,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст. «Дар рӯзҳои барояшон вазнини сокинони ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон Ширкати «Тоҷиксуғурта» аз авалинҳо шуда, ба зарардидагони офати табиӣ дасти кӯмак кард. Баъд аз таҳлилу хулосабарориҳои амиқ ба 22 оилае, ки манзилашон ба тамом хароб гашта буд, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва ба 65 оилаи манзилашон осебдида ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд. Ин аз он шаҳордат медиҳад, ки «Тоҷиксуғурта» дар баробари ашхоси бо ширкат шартномадошта, инчунин ба шахсони зарардида, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, ёрӣ мерасонад», — гуфт дар фарҷом А. Сатторов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






