ТВ «САФИНА» ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ «РОҒУН»-РО ҲАМАҶОНИБА ИНЪИКОС МЕНАМОЯД

Январь 13, 2010 10:15

                 Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар соли 2009 корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба таври васеъ ба роҳ монда, як қатор барномаҳои ҷолиби адабӣ ва фарҳангию маърифатӣ таҳия ва пешкаши бинандагон намуд. Ин нуқтаро 13 январ, зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатов зикр намуд.                    Ӯ афзуд, ки дар ин давра амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии мамлакат ва сафарҳои расмии ӯ ба мамолики дуру наздик тариқи нашрҳои махсус ва барномаҳои иттилоотӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи зарурӣ инъикос гардиданд.                   Дар ин давра, бо мақсади инъикоси фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба хоҷагии халқи мамлакат, барномаи мустақими «Робита» рӯи эфир омад, ки тавассути он роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ мустақиман ба суолҳои сершумори тамошобинон посух гуфта, дар бораи ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардидаанд, маълумот доданд.                   «Имрӯзҳо аҳли эҷоди муассиса аз рӯи тасмимгириҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар самти татбиқи амалии тарҳи НБО «Pоғун» талош доранд, ки ҷараёни сохтмони ин иншооти бузурги асрро ҳамаҷониба инъикос намоянд. Намоишҳои телевизионии «Водии Нур», «Ду рӯзи Роғун», «Мулоҳиза», «Биёед, бигӯем», «Афкор», «Андешаҳо», «Иншооти аср», «Башорат», «Шакл» дар бораи рафти сохтмон ва фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳ таҳия ва пахш гардиданд, ки фикр мекунам саҳми аҳли эҷоди «Телевизиони Сафина» дар бунёди ин иншооти муҳими стратегӣ аст», — гуфт дар хотима Л. Давлатов. 

Январь 13, 2010 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд