ВАФОТИ НАВИСАНДА ВА ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФ
Маскав, 6 января. (АМИТ «Ховар, Ҳалима Хушқадамова). — Нависанда ва журналисти маъруфи тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар 3 январ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Тулаи Федератсияи Русия дар сини 57 — солагӣ вафот кард. М.Сайдар солҳои охир мухбири радиои «Озодӣ» буд. Ӯ охири солҳои 90 – уми асри гузашта дар вазифаи муҳаррири ҳафтаномаи «Паём» кор мекард. Рӯзномаи мазкур дар қаламрави Русия паҳн карда мешуд. Дар он дар бораи рӯйдодҳои муҳимтарини Тоҷикистон ва шароити кору зиндагии коргарони муҳоҷири тоҷик нақл карда мешуд. Дар рӯзнома шеъру очеркҳо ва порчаҳо аз асарҳои адибони тоҷик чоп мешуданд. Рӯзномаи мазкур сокинони Русияро аввалин шуда бо ашъори адибони тоҷик Гулрухсор, Лоиқ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Абдулҳамид Самад ва дигарон шинос кардааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷасади марҳум 4 январ аз Русия ба Тоҷикистон фиристода ва 5 январ дар ноҳияи Ғарм ба хок супурда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






