ВАЗИФАҲОИ СОЛИ 2010-И ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Январь 7, 2010 10:38

                 Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 6 январи соли 2010 дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд.                   Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Хушнуд Раҳматуллаев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2009 баррасӣ гардида, вазифаҳои хизматӣ барои соли ҷорӣ муайян карда шуданд.                   Дар баромадҳо қайд карда шуд, ки дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар гузаронида шуданд.                   Хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 1 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 240 кило героин, 252 кило афюн ва 569 кило маводи гурӯҳи каннабис мусодира намуданд. 9 нафар қочоқчии маводи нашъаовар боздошт карда шуда, зиёда аз 1, 5 млн. бех ниҳоли банги ҳиндӣ нобуд карда шуд.                    Дар соли 2009 сарҳадчиёни тоҷик 52 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 29 автомат, 15 адад милтиқ ва камони шикорӣ, 3 адад таппонча, 2 адад пулемёт, 1 адад гранатомёт, 1 адад АГС-17, ҳамчунин зиёда аз 8 ҳазор дона тирҳои гуногунқутр мусодира намуданд.                   Дар ҷаласа, баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима ва чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд. Ба роҳбарияти Сарраёсат ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оиди иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Январь 7, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд