ВАЗИРИ СОБИҚИ АФҒОНИСТОН ҲАМОҲАНГСОЗИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНФРОНС ТАЪИН ШУД

Январь 20, 2010 11:56

                  Кобул, 20 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай бо фармони худ вазири собиқи корҳои хориҷии мамлакат Рангин Додфар Спантаро ҳамоҳангсози асосии гузаронидани конфронси байналхалқи таъин намуд, ки 28 январ дар Лондон баргузор мегардад.                  Тавре хабар дода шуда буд, конфронси мазкур бо ташаббуси сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун, президенти Фаронса Николя Саркози ва канслери Олмон Анҷела Меркел гузаронида мешавад.                    Ҳ.Карзай гузаронидани конфронси мазкурро барои ҳалли проблемаҳои пешрафти иқтисодиёт, таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи мардум тадбири муҳим номид.                    Муншии умумии СММ Пан Ги Мун хабар дод, ки баъди конфронси Лондон дар Кобул бахшида ба масъалаҳои таъмини амният ва расондани кӯмакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон боз як конфронси дигар баргузор хоҳад гашт.

Январь 20, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд