ВАЗИРИ СОБИҚИ АФҒОНИСТОН ҲАМОҲАНГСОЗИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНФРОНС ТАЪИН ШУД
Кобул, 20 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай бо фармони худ вазири собиқи корҳои хориҷии мамлакат Рангин Додфар Спантаро ҳамоҳангсози асосии гузаронидани конфронси байналхалқи таъин намуд, ки 28 январ дар Лондон баргузор мегардад. Тавре хабар дода шуда буд, конфронси мазкур бо ташаббуси сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун, президенти Фаронса Николя Саркози ва канслери Олмон Анҷела Меркел гузаронида мешавад. Ҳ.Карзай гузаронидани конфронси мазкурро барои ҳалли проблемаҳои пешрафти иқтисодиёт, таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи мардум тадбири муҳим номид. Муншии умумии СММ Пан Ги Мун хабар дод, ки баъди конфронси Лондон дар Кобул бахшида ба масъалаҳои таъмини амният ва расондани кӯмакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон боз як конфронси дигар баргузор хоҳад гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






