ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, ки 15 – уми январ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо схибкорони ватанӣ ва намояндагони ҷамъиятии тоҷирон доир мегардад. Ин вохӯрии навбатии Сарвари давлат дар соли 2010 бо сармоядорону соҳибкорони ватанӣ мебошад. Боис ба ёдоварист, ки 2 сол пеш чунин вохӯрӣ бо соҳибкорон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Дар назар аст, ки дар ин вохӯрӣ бисёр масъалаҳое, ки баҳри пешрафти соҳаи тиҷорат монеа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷумла масъалаи андозбандӣ дар соҳаи тиҷорат, қоидаҳои гумрукӣ ва монеаҳои маъмурии дар роҳи рушди соҳаи тиҷорати хурду миёна вуҷуддошта, аз масъалаҳои асосии ин вохӯрӣ хоҳанд буд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






